Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 5 сарнишин дар суқути чархболи Ми-8 дар Сурия


Бар асари суқути чархболи низомии русии Ми-8 дар шимоли Сурия ҳамаи панҷ сарнишин ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 1 август бо такя ба иттилои вазорати дифоъ хабар дод.

Аз ин пеш вазорати дифои Русия дар робита ба суқути чархбол, ки дар дохилаш се халабон ва ду афсар буданд, изҳорот пахш карда буд. Ба иттилои расмӣ, ин ҳодиса рӯзи 1 август дар фазои вилояти Идлиб рӯй дод, ки аз сӯи мухолифини режими Башор Асад назорат мешавад.

То ҳол ягон гурӯҳи мусаллаҳ масъулияти нобудсозии чархболои русиро бар зима нагирифтааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ғарбиву арабӣ аксҳои чархболи суқуткарда ва санадҳои яке аз халабонҳо нашр шудаанд. Мақомоти расмии Русия аз ифшои ному насаби халабону сарнишинҳои чархбол худдорӣ мекунанд.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки чархбол бо бори башардӯстона ба шаҳри Ҳалаб парвоз мекард.

XS
SM
MD
LG