Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди ҷарима барои риоя накардани меъёри забони тоҷикӣ


Гавҳар Шарофзода

Гавҳар Шарофзода

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз журналистон даъват кардааст, ки меъёри забони давлатиро риоя кунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, рӯзи 1 август гуфт, барои ҳисобу китоби иштибоҳи расонаҳо гуруҳи махсус таъсис шудааст ва ҳамаи барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва нашрияҳо таҳти назоратанд. ​Шарофзода аз он изҳори таассуф кард, ки "журналистон бештари вақт калимаҳои ноошноро истифода мекунанд. Ҳатто дар матлабҳои худ журналистон то 10 ва он зиёд чунин калимаҳоро истифода мекунанд, ки барои шунавандаву бинанда фаҳмо нестанд. Ба ин васила меъёри забони тоҷикро дағалона вайрон мекунанд." Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот таъкид кард, ки дар ин мулоқот аз ҳама журналистон даъват ба амал оварданд, то меъёри забони давлатиро риоя кунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.

XS
SM
MD
LG