Пайвандҳои дастрасӣ

"Давлати исломӣ" ба ҷиҳод алайҳи Русия даъват кард


Раҳбарони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз ҷонибдоронаш даъват карданд, ки алайҳи Русия ҷиҳод кунанд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, дар навори нӯдақиқагӣ ҳушдор дода шудааст, ки ҷиҳодиҳо шаҳрвандони Русияро дар хонаҳояшон куштаниянд.

Асл ё тақаллубӣ будани ин навори видеоӣ ҳанӯз маълум нест, аммо он дар Telegram дар саҳифае нашр шудааст, ки аз сӯи ҷиҳодиҳо истифода мешавад.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки чаро маҳз Русия ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст, аммо моҳҳои ахир низомиён ва хадамоти кашфи Русия ва ИМА ҳамлаҳо болои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида”-ро дар Сурия афзоиш додаанд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз ҷонибдоронаш хостааст, алайҳи кишварҳои “душман” аз ҳама силоҳҳои дастрас истифода баранд.

Ҳафтаи гузашта гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Аврупо чанд ҳамлаи маргбор анҷом дод. Дар як ҳамла ба ибодатгоҳ дар Фаронса ҷонибдорони гурӯҳ як рӯҳонии католикро маҷбур карданд, ки ба зону занад ва баъд аз он сарашро буриданд. Аз ин пеш рӯзи 14 июл як ронандаи мошини боркаш - шаҳрванди тунистабори Фаронса дар шаҳри Нитса ҳангоми таҷлили Рӯзи Бастилия дар соҳили Англисӣ одамони зиёдеро зер кард. Дар ин ҳодиса 84 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Баъд аз он дар Олмон чаҳор ҳамла сурат гирифт, аз ҷумла, як паноҳандаи суриягӣ худро дар наздикиҳои ҷашнвораи мусиқӣ дар шаҳри Ансбах тарконд.

XS
SM
MD
LG