Пайвандҳои дастрасӣ

Cокини Конибодом аз боздоштгоҳи Узбакистон озод мешавад


Музокирот миёни мақомоти марзбонии Тоҷикистону Узбакистон барои раҳоии Ҳайдар Қӯзиеви 30-сола, сокини ноҳияи Конибодом идома дорад ва феълан ҷониби Узбакистон барои интиқоли Қӯзиев санадҳои лозима барои убури ӯ аз марзро омода мекунанд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати сарҳадбонии Тоҷикистон рӯзи 1 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳайдар Қӯзиев дар наздиктарин рӯзҳо озод хоҳад шуд.

Ҳайдар Қузиев пас аз бистарӣ дар беморхонаи Қӯқанди Узбакистон сиҳат ёфтааст ва саломатиаш пурра барқарор шудааст. Вай рӯзи 23 июни соли равон дар вақти говбонӣ дар минтақаи пурра мушаххаснашудаи сарҳади миёни Тоҷикистону Узбакистон аввал аз тири марзбонҳои узбак захмӣ ва сипас боздошт гардид. Ба дунболи ин ҳодиса мақомоти маҳаллӣ бо дархости Узбакистон шиносномаи Ҳайдар Қӯзиев ва як тавсифномаро дар бораи ӯ фиристоданд.

Тавре Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи аз тири сарҳадбонҳои Узбакистон захмӣ шудани ин шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳалле сурат гирифтааст, ки ҳанӯз пурра аломатгузорӣ нашудааст.

Дар як соли охир ин бори дувум аст, ки дар ин минтақа марзбонҳои Узбакистон шаҳрвандони тоҷикро захмӣ карда, бо худ ба Узбакистон мебаранд. Моҳи июли соли гузашта марзбонҳои узбак Тулқинбой Усмонов ва Ҳушёр Қобилов – ду сокини ноҳияи Конибодомро вақти говбонӣ дар хоки Тоҷикистон дастгир карда, ба он сӯи марз бурданд.

Дар охирҳои моҳи июли соли равон мақомоти Узбакистон ду сокини ноҳияи Конибодоми Тоҷикистонро аз боздоштгоҳе дар Қӯқанд раҳо кардаанд. Алиҷон Исмоилов ва Қурбоналӣ Аслонов – сокинони ноҳияи Конибодом – ду моҳ пеш дар минтақаи марзии Патар аз сӯи марзбонҳои узбак боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG