Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 1389 нафарро аз артиш ронд


Туркия 1389 низомиро бо гумони иртибот бо рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гулен аз хидмат дар нирӯҳои мусаллаҳ барканор кардааст. Мақомоти Туркия Гуленро ба даст доштан дар кӯшиши нокоми табаддулоти низомии рӯзи 15 июл айбдор мекунанд. Гулен инро рад мекунад. Хабари аз нирӯҳои мусаллаҳ барканор кардани 1389 нафарро хабаргузории давлатии Анадолу ҳамагӣ чанд соат баъд аз пешниҳоди раисиҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар мавриди таҳти назорати дафтари раёсатҷумҳурӣ овардани ситоди артиш ва идораи амнияти Туркия нашр кард. Барои илҳоқи чунин тағйирот ба Қонуни асосӣ пуштибонии аз се ду ҳиссаи вакилон лозим аст ва Эрдуғон дар ин росто ба ҳимояти аҳзоби мухолиф эҳтиёҷ дорад. Бино ба хабари дигар, додгоҳҳои Туркия беш аз 800 сарбози қаториро, ки дар чорчӯби парвандаи кудатои 15 июл пушти панҷара қарор доштанд, озод кардаанд. Дар Истамбул аз 989 сарбози боздоштшуда 758 нафарро ва 47 сарбози дигарро дар Анкара раҳо кардаанд.Дар пайи он кӯшиши кудато дар Туркия беш аз 9000 нафар, аксар низомиҳо дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG