Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” рӯзи 31 июл ба корхонаҳои газ дар шимоли Ироқ ҳамла оварда, дар ин ҳамлаи нодир ба минтақаҳои таҳти назорати курдҳо дар вилояти Киркук 5 нафарро куштаанд. Ҳамлаи аввал ба як истгоҳи компресси газ дар 15-километрии шимолуғарби Киркук рух дода, 4 коргари ин муассисаро кушта ва ду посбонашро захмӣ ба ҷо гузошт. Нирӯҳои амниятӣ бар ин боваранд, ки ҳамлагарон ба самти истгоҳи гази Бой Ҳасан фирор кардаанд, чунки онҳо дар инҷо як амбори нафтро тахриб ва як муҳандисро куштаву 7 тани дигарро захмӣ кардаанд. Пулис мегӯяд, се бомбгузор низ кушта шудаву чорумаш фирор кардааст. Хабаргузории “Аъмоқ”-и “Давлати исломӣ” хабар дод, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба Бой Ҳасан ҳамла кардаанд. Вале дар ин хабар ишорае ба ҳамлаи аввал нест. Қисме аз Киркукро нирӯҳои курд ва қисмеашро ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар назорат доранд.

XS
SM
MD
LG