Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шаби адабии Самарқанд" дар Ҳолланд


Шоми 31 июл дар шаҳри Амстердами Ҳолланд “Шаби адабии Самарқанд” доир мешавад. Абдуғаффор Сафаров, раҳбари конуни Рӯдакӣ – созмони фарҳангии тоҷикони Ҳолланд ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шаби адабӣ соати 19 дар маркази фарҳангии “Мизроб” оғоз ёфта, се соат идома хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, шабнишинӣ бо ёде аз адабиётшиноси тоҷик Раҳими Мусулмониён, ки рӯзи 3 июл аз олам чашм пӯшид, оғоз ёфта, сипас се китоби се адиби тоҷикзабон, аз ҷумла ду адиби зодаи Самарқанд, рӯнамоӣ хоҳад шуд. Дар “Шаби адабии Самарқанд” доктор Накҳат Дастгирзода китоби ашъораш бо номи “Дар мафсалаи дурӯғ ва дуо”, Шаҳодат Улуғ китоби “Ҳамосаҳои Ҷайҳун” ва Донагул Назарова китоби “Хотироти модаре аз Самарқанд”-ро муаррифӣ мекунанд. Ба гуфтаи ташаббускорон, муруре ба фаъолияти чеҳраҳои муосири ҳавзаи адабии Самарқанд ва иҷрои таронаҳои маҳаллӣ аз бахшҳои дигари “Шаби адабии Самарқанд” дар Амстердами Ҳолланд хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG