Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳангомаи мухлисон барои китоби нави "Ҳарри Поттер"


Субҳи 31 июл издиҳоми бузурги мухлисони китобҳои “Ҳарри Поттер” барои харидани китоби нав аз ин силсила ба китобфурӯшиҳои Лондон рехтанд. Ин китоб бо номи “Harry Potter and the Cursed Child” (“Ҳарри Поттер ва кӯдаки малъун”) нимашаб расман ба бозор даромад. Китоби нав зиндагии Ҳарри Потерро 19 сол сол баъд аз таҳаввулоти мунъакисшуда дар китоби ҳафтум қисса мекунад. Дар “Кӯдаки малъун” Ҳарри Поттер алакай 37 сол дошта, дар вазорати сеҳру ҷоду кор мекунад ва соҳиби 3 фарзанд аст. Муаллифи “Ҳарри Поттер” Ҷоанна Роулинг гуфт, ин достон бештар анҷоми саргузаштҳои қаҳрамони ӯст, то як давраи нави ин саргузаштҳо.

XS
SM
MD
LG