Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи рӯёрӯӣ дар пойтахти Арманистон


Рӯёрӯии байни пулис ва афроди силоҳбадасте, ки ду ҳафта пеш қароргоҳи полки дидбонии пулисро дар Ереван, пойтахти Арманистон ишғол карданд, рӯзи 31 июл ҳам идома дошт. Ин дар ҳолест ки зарбулаҷали мақомот ба ин гурӯҳ барои тарки бино шоми 30 июл ба поӣн расид. Мақомот гуфтанд, ки дар ғайри ин сурат, алайҳи гурӯҳи мусаллаҳ амалиёти густардаро шурӯъ хоҳанд кард. Шаби гузашта аз маҳалли атрофи бинои ишғолшуда садои тирандозиву таркишҳои хурд шунида мешуд. Вале наворҳои зиндаи бахши армании Радиои Оӯодӣ субҳи 31 июл нишон медиҳанд, ки пулис ҳанӯз дар атрофи бино сангар гирифтааст. Рӯзи 30 июл як афсари пулис, ки чандсад метр дуртар дар мошин менишаст, аз захми тир кушта шуд.

Афроди мусаллаҳ, ки аксар собиқадорони ҷанги Қаробоғ алайҳи Озарбойҷонанд, аз рӯзи 17 июл бинои пулисро дар маҳаллаи Эребуни ишғол карда, раҳоии раҳбари мухолифин Жирайр Сефилян ва истеъфои раисиҷумҳур ва сарвазири Арманистонро ба далели бархӯрдашон ба роҳҳои ҳалли низои Қаробоғ талаб доранд. Шоми 30 июл ҳазорон нафар ба тарафдорӣ аз ин гурӯҳи силоҳбадаст дар маркази Ереван гирди ҳам омада, аз мақомот талаб карданд, ки барои ҳалли ин бӯҳрон аз нирӯ истифода набарад.

XS
SM
MD
LG