Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 21 меҳмони як тӯй бар асари сел


Бар асари зери сел мондани автобуси ҳомили меҳмонони як арӯсӣ дар шимолуғарби Покистон дастикам 21 нафар ҷон бохтаанд. Ин ҳодиса рӯзи 30 июл дар минтақаи Ландикӯтали ноҳияи қабиланишини Хайбар дар наздикии марз бо Афғонистон рух додааст. Намояндаи пулиси маҳаллӣ Иқбол Хон гуфт, дар ин автобус беш аз 25 меҳмонони як арӯсӣ ҳаракат мекарданд. Дар Покистон, ки зербинои рустоҳояш заиф аст, ҳар сол дар мавсими селхезиҳо даҳҳо нафар бар асари ин офати табиӣ ҳалок мешаванд. Дар мавҷи селҳои моҳи июл дар Покистон, бино ба омори Мақомоти миллии идораи офатҳои табиӣ, дастикам 55 нафар ҷон доданд. Дар тобистони гузашта дар ин кишвар селхезиҳо сабаби марги 81 нафар шуда, ҳудуди 300 ҳазор нафари дигарро дар саросари Покистон аз сарпаноҳ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG