Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Истамбули Туркия 17 журналисти туркро бо иттиҳоми иртибот бо рӯҳонӣ Фатҳулло Гулен, ки ҳукумат вайро дар ташкили кӯшиши нокоми табаддулоти давлатии ду ҳафтаи пеш айбдор мекунад, ба ҳабс гирифт. Додгоҳ ин журналистонро рӯзи 29 июл ба “узвият дар гурӯҳи террористӣ” айбдор кард. Гулен, ки дар Амрико ба сар мебарад, ва гурӯҳҳои марбут ба ӯ ҳар навъ даст доштанашон дар кӯшиши кудатои 15 июлро рад мекунанд. Дар маҷмӯъ, 21 журналист ба додгоҳ эҳзор шуданд, вале додгоҳ чори онҳо, бо шумули шореҳи маъруф Булент Мумайро раҳо кард. Дар байни ҳабсшудаҳо журналисти собиқадор Нозлӣ Иличак ва хабарнигори собиқи рӯзномаи рӯ ба Гулени “Замон” Хоним Бусра Эрдал ҳам ҳастанд.

XS
SM
MD
LG