Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як минтақаи Ҳилманд ба дасти Толибон гузашт


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толибон як ноҳияи стратегӣ дар вилояти Ҳилмандро таҳти назорати худ гирифтаанд. Дафтари волии Ҳилманд мегӯяд, ки даргириҳо бо ҷангҷӯён дар вулусволии Канашин ҳанӯз идома дорад, вале ба гуфтаи Абдулмаҷид Охунзода, муовини раиси Шӯрои вилоятӣ, Канашин алакай ба дасти Толибон гузаштааст. Охунзода гуфт, тасарруфи ин минтақаи воқеъ дар марз бо Покистон ба маъноест, ки ҷангҷӯён “60 дарсади Ҳилмандро таҳти назорати худ медароранд.” Толибон алакай вулусволиҳои Марҷа, Сангин, Гармсер ва Дишуро дар вилояти Ҳилманд, ки яке аз маконҳои асосии кишти маводи мухаддир ба шумор меравад, тасарруф кардаанд. Сухангӯи волии Ҳилманд Умар Жвак гуфт, дар бархе қисматҳои Канашин даргириҳо байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни Толибон идома дорад. Ба гуфтаи Жвак, дар ҳамлаи рӯзи 29 июли Толибон ба Канашин 20 ҷангҷӯ ва як пулиси афғон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG