Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олимони англис дар пайи як пажӯҳиш ба натиҷае расидаанд, ки дар Осиёи Марказӣ занони тоҷик қади кӯтоҳ доранд. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи шоҳигарии Лондон рушди ҷисмонии ҷавонони 18-соларо дар 200 кишвари ҷаҳон таҳлил кардаанд.

Тибқи хулосаи онҳо, дар сад соли ахир занони тоҷик ҳамагӣ ба андозаи 6,4 сантиметр баланд шуда, қади онҳо ба ҳисоби миёна баробар ба 1 метру 57 сантиметр аст. Ин пажуҳиш гуфтааст, ки дар муқоиса бо занони тоҷик ҳамтоҳои онҳо дар Туркманистон, Узбакистон Қазоқистон ва Қирғизистон қоматҳои баландтар доштаанд. Аммо ба навиштаи пажуҳишгарон, қомати мардҳои тоҷик дар муқоиса бо мардҳои минтақа баландтар буда, онҳо ин аломати зебоиро танҳо ба мардҳои туркман бой додаанд.

Шамсиддин Қурбонов.

Шамсиддин Қурбонов.

Ирсшиносони тоҷик ба натиҷаи ин пажӯҳиш ва қадпаст унвон шудани занони Тоҷикистон бо шубҳа менигарданд, аммо ҳамзамон эътироф мекунанд, ки дар чанд даҳсолаи ахир фақру нодорӣ, камбуди витамину дорувор ва фишорҳои равонӣ, махсусан дар хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ то андозае ба генфонди миллӣ таъсир расонд.

Шамсиддин Қурбонов, раҳбари маркази тибби “Насл” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мизони маргу мир, тӯли умр, чеҳра ва қаду баст дар бештари минтақаҳои ҷаҳон дар вобастагӣ ба омилҳои экологӣ, дастрасӣ ба ғизову оби ошомиданӣ, маризиҳои сироятӣ тағйир меёбад. "Дар Тоҷикистон аслан тоҷикони кӯҳистонӣ қади баланд, вале андоми лоғар доранд, ва дар водиҳо мардум кӯтоҳқад ва чоқтар мешаванд"- гуфт Шамсиддин Қурбонов.

Аммо ӯ ин натиҷаро, ки занони тоҷик дар қиёс бо қавмҳои дигари Осиё Миёна қади паст доранд, рад мекунад ва шаффофияти пажӯҳишро зери суол мебарад.

Маҳмуд Кабирӣ.

Маҳмуд Кабирӣ.

Маҳмуд Кабирӣ, равонпизишки тоҷик, ки дар заминаи омӯзиши омилҳои таъсиргузор дар дигар шудани қиёфаи тоҷикон чанд кори илмӣ анҷом додааст, эътироф мекунад, ки бо таъсири омилҳои гуногун симо ва зарфиятҳои миллати тоҷик ба тағйирот рӯ ба рӯ шудааст. Кабирӣ як далели ин дигаргуниро истифодаи зиёди чой баъд аз тановули ғизо медонад, ки витаминҳои заруриро аз ҷисми инсон мешӯяд.

"Ғам хӯрдану ҳассосият нишон додан ба мушкилоти зиндагӣ кори организами инсонро дар Тоҷикистон вайрон кард ва раванди рушди онро коҳиш дод" - гуфт Кабирӣ ва афзуд, ки ин тамоюл бештар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он рушд кард. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло вазъ беҳтар шудааст ва тамоюли қадпастӣ коҳиш ёфтааст. Аз рӯи ҳисобҳои Маҳмуд Кабирӣ, ҳоло ба ҳисоби миёна қомати наврасони тоҷик ба 1 метру 70 сантиметр баробар аст.

Пажуҳишгарони тоҷик мегӯянд, ки муҳоҷирати корӣ дар шароити номусоиди Русия низ дар дигар шудани симои тоҷикон ва хулқу хӯи онҳо бетаъсир намондааст. Беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар зимистонҳои сарди Русия дар шароитҳои сангин ба сар мебаранд ва аксаран ғизои хуб надоранд. Кошиносон оғози раванди пасттар шудани қомати тоҷикҳоро ба ҳодисаҳои 20 соли пеш марбут мекунанд.

Ҷонибеки Асрориён.

Ҷонибеки Асрориён.

Фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, ки "чеҳраи имрӯзи миллат, бозтоби ҳамон рӯзгори пурпечутоби мардуми азияткашидаи тоҷик аст". Ба гуфтаи Асрориён, симои миллат барои он дигар шудааст, ки мардуми тоҷик маъмулан қаноатӣ ҳастанд ва бо он, ки барои хӯронидани кӯдакон ғизои кофӣ надорад, вале боз ҳам бидуни барнома таваллуд мекунанд.

Як таҳқиқоти пизишкӣ ва демографӣ дар соли 2013 низ маълум карда буд, ки аз се як ҳиссаи кӯдакони тоҷик кӯтоҳқаданд ва яке аз иллатҳои он, истеъмоли ғизои номуносиб унвон шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG