Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҳакерҳо ба ситоди Клинтон


Ҳиллари Клинтон

Ҳиллари Клинтон

Матбуоти Амрико мегӯяд, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳакерӣ ба ниҳодҳои ҳизби демократ ситоди интихоботи президентии Ҳиллари Клинтон низ дучори чунин ҳамлаҳо шудааст. Ҳамлаи ахири ҳакерӣ аз ҷумла Кумитаи миллии демократӣ ва Кумитаи ситоди демократии Конгрессро ба ҳадаф доштааст. Мақомоти иктишофии Амрико ва коршиносони хусусӣ бар ин боваранд, ки ҳамлаҳои ҳакериро афроде, ки барои ҳукумати Русия кор мекунанд, анҷом додаанд. Онҳо аз худ изҳое гузоштаанд, ки аз Русия будани ҳамлагарон ва истифода аз васоилеро, ки танҳо дар ихтиёри ҳукуматҳо буда метавонад, нишон медиҳад. Бархе дар ташвишанд, ки Русия талош дорад, то ба интихоботи президентии Амрико таъсир расонад. Ин имконро дар ин ҳафта раисиҷумҳури Амрико Барак Обама низ матраҳ кард. Ҳукумати Русия ин иддаоҳоро башиддат рад карда, онҳоро аломати “паранойяи зидди Русия”, ки ба ақидаи Маскав, фазои корзори интихоботии Амрикоро пур кардааст, меномад.Дар интихоботи рӯзи 8 ноябри президентии Амрико Ҳиллари Клинтон бо Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳ рақобат мекунад.

XS
SM
MD
LG