Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков сарусадоҳо дар бораи дар пайи таҳти ҷомаи амалиёти башарӣ кӯчондани аҳолии мулкӣ ба ҳамла ба шаҳри Ҳалаб омодагӣ гирифтани нирӯҳои Русия ва Сурияро рад кард. Мақомоти Амрико ва гурӯҳҳои чирикии Сурия ҳадс мезананд, ки таъсиси “коридорҳои амниятӣ” аз сӯи Русияву Сурия дар таърихи 28 июл ва даъвати ҳудуди 250 000 аҳолии мулкӣ ба тарки Ҳалаб ба хотири холӣ кардани шаҳр барои оғози амалиёти артиши Сурия аст, ки атрофи Ҳалабро муҳосира кардааст. Аммо Рябков шоми 29 июл ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки кадом омодагӣ ба ҳамларо қотеъона рад мекунад.

XS
SM
MD
LG