Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА аз "амалиёти башардӯстона"-и Русия дар Ҳалаб нигарон аст


Департаменти давлатии ИМА аз "амалиёти густурдаи башардӯстона"-и Русия дар шаҳри Ҳалаби Сурия ибрози нигаронӣ намуд.

Ин ниҳод мегӯяд, Москва зоҳиран аз тамоми ҷангиён талаб дорад, ки таслим шаванд ва мехоҳад, сокинони осоиштаро маҷбуран аз ин шаҳри муҳосирашуда берун барорад.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия 28 июл гуфт, нерӯҳои ин кишвар ҳамроҳ бо қувваҳои мусаллаҳи Сурия барои сокинони осоишта роҳи башардӯстонаи берун рафтан аз Ҳалабро боз мекунанд. Ҳамчунин барои шӯришгароне, ки ихтиёран силоҳашонро таслим мекунанд, убури амн ба воситаи ин роҳ пешниҳод мешавад.

Ба гуфтаи вазири рус, се роҳи берун рафтан аз Ҳалаб боз шуда, нуқтаҳои ёрии аввалияи тиббӣ ва маводи ғизоӣ ташкил гардидааст.

Нерӯҳои Сурия муҳосираи ин шаҳрро, ки эҳтимолан беш аз 250 ҳазор сокин дорад, пурзӯр намуданд. Бархеи сокинон пешниҳоди берун рафтанро тариқи роҳи мазкур рад карданд. Онҳо мегӯяд, барояшон пешниҳод доранд, ки миёни марги батадриҷ дар Ҳалаб ва боздошти эҳтимолию фавтидан аз шиканҷа ҳангоми тарки ин шаҳр якеро интихоб намоянд.

Башор Асад, президенти Сурия ахиран эълон кард, ҳар шӯришгаре, ки то се моҳи оянда ихтиёран силоҳашро таслим мекунад, авф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG