Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ВКХ Украина аз пайвастани Қрим ба МФҶ


Вазорати корҳои хориҷии Украина дар робита ба Минтақаи федеролии ҷанубӣ пайвастани Қрим эътироз кард. Ин эътирозро Алексей Макеев, вазири корҳои хориҷии Украина зимни суҳбат бо телевизиони "112 Украина" баён намуд.

"Ин иқдоми Русия беэътиноии давлати таҷовузкор ба тамомияти арзии Украина, оинномаи СММ ва уҳдадориҳои дигар аст. Дар ин бора нотаи эътирозӣ рӯзҳои наздик ба сафорати Русия дар Киев фиристода мешавад", - гуфтааст Макеев.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, президенти Русия фармон дар бораи барҳам додани минтақаи федеролии Қрим ва пайвастани ин нимҷазираи ғасбшуда ба қаламрави Минтақаи федералии ҷанубиро имзо кард. Олег Белавентсев, намояндаи шахсии президенти Русия дар Қрим аз вазифаи барҳамхурдааш барканор ва ба ҷои Сергей Меликов, ки ба истеъфо фиристода шуд, намояндаи президент дар Минтақаи федеролии Қафқози Шимолӣ таъйин гардид.

Ҳамчунин Сергей Меняйло аз вазифаи раисии Севастопол барканор ва намояндаи президенти Русия дар Минтақаи федеролии Сибир таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG