Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ муҳлати ҳабси хонагии Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон ва писараш Асетро дароз кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии додгоҳи шаҳри Остона иттилоъ додааст.

Муҳлати ҳабси Сайидқозӣ Матаев, ки аз 24 феврал инҷониб дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, нисфирӯзии 22 июл анҷом ёфта буд. Рӯзи чаҳоршанбе додгоҳ муҳлати ҳабси хонагии вайро то 22 сентябр ва аз писараш Асет Матаев, сардабири хабаргузории КазТакро то 28 сентябр тамдид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии додгоҳи Остона, додгоҳи № 2-и ноҳияи Есили пойтахти Қазоқистон 27 июли соли равон парвандаи Сайидқозӣ ва Асет Матаевҳоро ба баррасӣ гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, мурофиаи додгоҳии раиси ИЖҚ рӯзи 3 август баргузор хоҳад шуд.

Матаевҳо дар қаллобӣ ба ҳаҷми ниҳоят бузург гумонбаранд. Сайидқозӣ Матаев ҳамчунин дар саркашӣ аз пардохтани андоз айбдор аст. Аммо падару писар ин айбҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG