Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон расман номзадиро пазируфт


Ҳилларӣ Клинтон ба таври расмӣ номзадӣ ба мақоми раёсати ҷумҳуриро аз Ҳизби Деммократ пазируфт. Суханронии 28 июли вай меҳвари аслии гирдиҳамоии миллии ҳизби вай буд.

Интизор меравад, ки интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Амрико гаронтарин ва пуррақобат дар таърихи Амрико бошад.

Клинтон дар суханронии худ гуфт, “Мо хуб мебинем, ки кишвари мо дар рӯ ба рӯи чӣ қарор дорад, вале мо аз он ҳарос надорем. Мо чолишҳои худро боло мебарем, он гуна, ки ҳамеша омода ҳастем”.

Дар шоми ниҳоии гирдиҳамоии ҳизбӣ як генерали амрикоӣ, ки фармондеҳии нируҳои Амрикоро дар Афғонистон бар уҳда дошт, падари як амрикоии мусулмон, ки дар Ироқ кушта шуд ва Челсӣ-духтари Клинтон суханронӣ карданд.

Дар интихоботи 8 ноябри соли ҷорӣ рақиби Ҳилларӣ Клинтон аз ҳизби Ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп-миллиардери амрикоӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG