Пайвандҳои дастрасӣ

СБП барои кӯмак ба Украина тасмим нагирифтааст


Сандуқи Байналмиллалии Пул мегӯяд, ки то ҳол барои аз сар гирифтани кӯмаки молӣ ба Украина тасмим нагирифтааст. Ин ниҳоди молӣ соли гузашта ба сабаби нигарониҳо аз ришвахорӣ ин кӯмкҳоро боздошта буд.

Виллиям Муррей-сухангӯи Сандуқи Байналмиллалии Пул 28 июл гуфт, ки ниҳоди иҷроии ин муассиса барои дар ихтиёри Украина гузоштани навбати дуввуми кӯмакҳо ба маблағи 17,5 миллиард доллар то миёнаи моҳи август рай нахоҳад дод.

Аз моҳи августи соли гузашта то ҳол Украина аз Сандуқи Байналмиллалии Пул кӯмакҳои пешбинишударо нагирифтааст. Ин кӯмакҳо моҳи апрели соли 2015 ба тасвиб расида буд.

Ҳоло Украина интизор аст, ки кӯмаки навбатиро ба маблағи 1,6 миллиард доллар мегирад ва барои таъмини субот дар кишвар ба кор мебарад.

Киев барои анҷоми ислоҳоти амиқи сохторӣ мубориза мекунад, то ришвахориро аз реша барканад.

XS
SM
MD
LG