Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат дар ним сол 5 дарсади қаламравашро ба Толибон бохтааст


Аз моҳи январ то моҳи маи соли 2016 ҳукумати Афғонистон 5 дарсади қаламрави зери назорати худро аз даст додааст, бо вуҷуди он ки нируҳои Амрико дар хуруҷ аз қаламрави ин кишвар таъхир карданд. Дар ин бора як ниҳоди муътабари давлатии назорат 29 июл гузориши худро ба нашр расондааст.

Ин гузоришро ниҳоде бо номи Нозири умумии вижа барои бозсозии Афғонистон таҳия кардааст. Бар асоси ин гузориш, моҳи январ ҳукумат 70,5 дарсади қаламрави Афғонистонро дар назорати худ доштааст, вале дар моҳи май ин рақам ба 65,6 дарсад расидааст.

Дар гузориш омадааст, ки нируҳои Афғонистон аз минтақаҳои камаҳамият ба минтақаҳои муҳими амниятӣ оварда шудаанд, бинобар ин баъзе ҷойҳо ба дасти Толибон даромадааст.

Ба гуфтаи Ҷон Николсон-фармондеҳи нируҳои Амрико, дар Афғонистон аксари минтақаҳое, ки Толибон дар даст доранд, минтақаҳои дурафтода мебошанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ба ҷуз аз бохти баъзе ҷойҳо ба Толибон артиши Афғонистон ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳҳои шӯришии Давлати Исломӣ ва Ҳаракати Исломии Узбакистон низ зери фишор қарор доранд.

Дар аввали моҳи июл Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки вай 8 400 нафар низомиёни Амрикоро то поёни соли 2016 дар Афғонистон нигоҳ медорад.

XS
SM
MD
LG