Пайвандҳои дастрасӣ

Хайрзода боздошти ду корманди амниятиро тасдиқ кард (ВИДЕО)


Давлатбек Хайрзода

Давлатбек Хайрзода

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабари боздошти ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллиро тасдиқ кард.

Давлатбек Хайрзода, муовини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабари боздошти ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз сӯи нозирони Оҷонсиро тасдиқ кард. Аммо дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 июл ӯ "бо далели мӯҳри комилан махфӣ доштани ин парвандаҳо" аз ошкор кардани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд. Ҳоло маълум нест, ки онҳо барои ришват дастгир шудаанд ё барои сӯиистифода аз мақом.

Ҳафтаи гузашта баъзе аз расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла, сомонаҳои марбут ба мухолифин, дар бораи боздошти ин ду корманди амниятӣ бо иттиҳоми ришватситонӣ иттилоъ дода буданд, аммо ин хабар расман тайид ё инкор нашуда буд.

Давлатбек Хайрзода ҳамчунин гуфт, ки Сарпрокуратураи низомии Тоҷикистон дар робита ба дороиҳои собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода парванда боз кардааст. Ба гуфтаи ӯ, то анҷоми тафтишот ҳама амволи Назарзода ҳабс хоҳад шуд. Қимати амволи генерал Назарзода 5, 3 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Хайрзода афзуд, ки мавзӯи дороиҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, аз сӯи Палатаи ҳисоб дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Хонаи падари Муҳиддин Кабирӣ

Хонаи падари Муҳиддин Кабирӣ

Моҳи феврали соли равон ин Оҷонс аз оғози тафтиши бино ва корхонаҳои мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ, Абдуҳалим Назарзода, ва наздикони онҳо хабар дода буд.

Аламхон Наимӣ, собиқ муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал гуфта буд, то кунун аз 12 иншоот ва корхонаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим 8 ададашро аз санҷиш гузарондаанд. Ба қавли ӯ, "танҳо дар ин 8 иншооти таҳти санҷиш қарордодашуда муайян гардид, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонда шудааст."

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон баъди ҳаводиси моҳи сентябри соли гузашта, ки чун ошӯби генерал Назарзода арзёбӣ мешавад, ба ҳисобу китоби дороиҳои муосини пешини вазири дифоъ пардохта, иттилои муқаддамотии худро тариқи телевизионҳои давлатӣ эълон карданд. Аз ҷумла, бар асоси ин гузориш, Ҳоҷӣ Ҳалим дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе соҳиби корхонаи нонпазӣ буда, ба иддаои мақомот онро ғайриқонунӣ аз худ карда будааст. Ба иттилои мақомот, гӯё Назарзода дар дохили ин корхона як хонаи сеошёна низ пӯшида, гоҳо дӯстонашро дар онҷо ҷамъ меовардааст.

"Дар Варзоб се истироҳатгоҳи бузург бо номи "Зафар" дорад, ки гаронбаҳоянд. Бинои Донишкадаи геодозии Академияи илмҳоро дар маҳаллаи Қаротегин аз худ карда, баъд аз таъмир онро ба хонаи истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст," -- таъкид шуда буд дар он гузориш.

Абдуҳалим Назарзода ҳамчунин молики як хоҷагии деҳқонӣ бо номи "Тобистон" будааст, ки заминҳояшро ба иҷора додаанд. Ӯ дар гузориш ҳамчун соҳиби фабрикаи мурғпарварӣ ва асппарварӣ низ муаррифӣ шуд.

Муаллифони гузориш гуфтанд, ки фабрикаи мурғпарварии "Тарз" низ ба Абдуҳалим Назарзода тааллуқ дошта, аммо чанде пеш ба маблағи 500 ҳазор доллар ба Саъдулло Бафоев фурӯхта шудааст. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ толори варзишии "Лидер" дар шафати кӯчаи Зебуннисо ва тарабхонаи "Зайтун"-у кафе-бари "Бахтиёр"-ро низ ба ӯ мутааллиқ донистаанд. Фермаи чорвои калону майда ва асппарварӣ дар Рашт, 5 хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва ошёнаи сеюми як бинои сеошёна дар хиёбони Рӯдакӣ-187-и шаҳри Душанбе низ аз дороиҳои генерали фирорӣ гуфта шуданд.

Агарчӣ дар ин гузориш дар бораи хонаводаи Абдуҳалим Назарзода чизе гуфта нашуд, аммо ҳангоми шумориши дороиҳояш як мағозаи фурӯши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Варзоб аз зани севумаш муаррифӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG