Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳамлаҳои ахир дар кишварро шадидан маҳкум кард ва аммо гуфт, ки мавзеъгирии худ дар баробари паноҳандагонро тағйир нахоҳад дод.

Ангела Меркел рӯзи 28 июл ба хабарнигорон гуфт, ки террористон мехоҳанд бо ҳар роҳу васила Олмонро барои қатъи қабули афроди ба раҳму шафқат ниёзманд водор созанд. Вале Олмон ба Қонуни асосии худ содиқ хоҳанд монд ва афродеро, ки аз минтақаҳои гирифтори ҷанг фирор мекунанд,ба оғӯш хоҳад гирифт, афзуд Ангела Меркел.

Садри аъзам таъкид намуд, он паноҳандагоне, ки рӯзҳои ахир дар Олмон ҳамлаҳо анҷом додаанд, одамони ба онҳо паноҳгоҳдода ва муҳоҷирони воқеъан ба кӯмак ниёздоштаро таҳқир кардаанд.

"Террористҳо мехоҳанд моро маҷбур кунанд, ки арзишҳои бароямон муҳимро фаромӯш кунем, онҳо мехоҳанд иттиҳоду ҳамбастагии мо, омодагиямон барои қабули афроди ниёзмандро аз байн бубаранд. Онҳо миёни фарҳангҳову динҳо тухми нафрат ва тарсу ҳарос мекоранд, афзуд хонум Меркел.

Тайи як ҳафтаи ахир дар Олмон чанд ҳамла сурат гирифт. Як ҷавони 17-солаи покистонӣ (бар пояи баъзе манбаъҳо, дорои санади шаҳрвандии Афғонистон) шоми душанбе, 18 июл бо корду табар ба мусофирони қатора дар шаҳри Вуезрбург ҳамла кард. Дар ин ҳодиса дасти кам се нафар ҷароҳати ҷиддӣ бардоштанд. Ҳамлагар ҳангоми фирор аз ҷойи ҳодиса аз тири кормандони полис кушта шуд. Сомонаи радиои Deutsche Welle бо такя ба гуфтаҳои вазири умури дохилии замини Бавария Йоахим Ҳерман навишт, ки ин ҷавон ҳамроҳ бо дигар паноҳандагон вориди Олмон шуда буд ва дар шаҳри Оксенфурт зиндагӣ мекард.

Чаҳор рӯз баъд як ҷавони 18 солаи эронитабор, ки дар Олмон ба дунё омада он ҷо бузург шуда буд, дар шаҳри Мюнхен дар як мағозаи бузург ва дар МакДоналдз тирандозӣ кард. Дар ин ҳамла нӯҳ нафар ҷон бохтанд, 16 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҷавон худро низ куштааст - пулис мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ӯ ба сараш тир холӣ кардааст.

Ба думболи ин як паноҳандаи суриягӣ худро шоми 24 июл дар наздикиҳои макони баргузории ҷашнвораи мусиқӣ дар шаҳри Ансбах тарконд, Дар натиҷаи таркиш дар наздикиҳои ҷойи баргузории ҷашнвораи мусиқӣ 15 нафар ҷароҳат бардоштанд, худи маргталаб ба ҳалокат расид. Йоахим Ҳерман дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфт, ки маргталаб ду бор аз бемориҳои рӯҳӣ табобат гирифта ва ду бор қасди худкӯшӣ карда буд.

Чанд соат қабл аз таркиш ба маргталаб иҷозаи вуруд ба ҷашнвораи мусиқиро надода буданд. Йоахим Ҳерман ҳадс зад, ки шояд ҳадафи асосии маргталаб ин ҷашнвора буд. Баъд аз ҳодиса ҷашнвораи мусиқӣ қатъ шуд ва тақрибан 2500 нафар ба ҷойи амн интиқол ёфтанд.

Гуфта мешавад, ҳадди аққал ду ҳамла аз сӯи ҳаводорони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” сурат гирифтааст – дар манзили ҷавони покистонӣ парчами ходсохти ин гурӯҳро пайдо карданд, ҷавони суриягӣ бошад бо пахши як навори видеоӣ, ки аз телефони дастияш пайдо шуд, садоқаташ ба “Давлати исломӣ”-ро иброз дошта буд.

Бар асари ҳамлаҳо 13 нафар, аз ҷумла, ҳарсе ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд.

Ангела Меркел гуфт, ки ҳамлаҳо воқеъан ҳам мардумро дар ҳоли шок қарор доданд, вале мақомот вазъро комилан таҳти назорат доранд.

Ҳукумати феълии Олмон барои сиёсати дарҳои бозаш баъд аз он зери борони танқид қарор гирифт, ки соли гузашта ба тақрибан як миллион нафари аз ҷангҳо дар Сурияву Афғонистон ва Ироқ фироркарда паноҳгоҳ дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG