Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон эълон кардааст, ки Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса аз Қирғизистон боздиди расмӣ анҷом медиҳад.
Намояндаи вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон ба матбуот гуфт, “Франсуа Олланд дар Порис дар ҷараёни боздид бо Асейн Исоев-сафири Қирғизистон дар Фаронса омодагии худ ба боздиди расмӣ аз Қирғизистонро таъйид кардааст”.
Баъд аз маросими супурдани эътиборномаҳо Олланд гуфтааст, ки “Қирғизистон намунаи демократия аст ва Алмосбек Атамбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар дар минтақа нақши муфид бозӣ мекунад”.
Дар посух сафири Қирғизистон дар Фаронса гуфтааст, ки “таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Фаронса дар сиёсати хориҷии Қирғизистон бартарӣ дорад ва бо арзишҳои демократии ҷомеаи Аврупо ҳамсӯ мебошад”.
Рӯзҳои 13-14 июл Ангела Меркел-нахуствазири Олмон аз Қирғизистон боздиди расмӣ анҷом дода буд. Дар ҷараёни ин боздид раҳбарони ҳар ду кишвар ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодиро баррасӣ карда буданд. Ҳеҷ санаде имзо нашуда буд.