Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, воридоти газ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Саидалӣ Зарифзода, раҳбари раёсати танзими монополияи табиӣ зимни нишасти хабарӣ гуфт, воридоти гази моеъ дар ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди нӯҳ ҳазору панҷсад тонна афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ин масъули хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳаҷми умумии воридоти газ дар нимсолаи ахир беш аз 163 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии воридоти он ба кишвар 153 ҳазор тоннаро ташкил медод. Аммо воридоти гази Қазоқистон ба кишвар дар шашмоҳаи ахир якбора коҳиш ёфтааст.

Саидалӣ Зарифзода мегӯяд, ба далели ҷаҳиши якбораи нархи гази моеъ дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи аслии гази Тоҷикистон мебошад, воридоти он аз ин кишвар ба Тоҷикистон якбора кам шуд. Масъулони хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, Қазоқистон нархи як тонна гази моеъро аз 32 доллар то ба 67 доллари амрикоӣ боло бурд ва соҳибкорони тоҷик ҳамакнун барои ворид кардани гази моеъ ба кишвар ба Русия рӯ овардаанд, ки нисбатан бо нархи арзонтаре гази моеъро ба Тоҷикистон пешкаш мекунад. Дар ҳоле ки ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, воридоти анвоъи дигар сӯзишворӣ ба кишвар аз қабили бензин ва сӯзишвории дизелӣ сол ба сол коҳиш меёбад.

Бар асоси омори хадамоти инҳисорӣ, ҳаҷми умумии бензини воридшуда ба кишвар дар нимсолаи ахир беш аз 97 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридоти бензин ба Тоҷикистон беш аз 121 ҳазор тоннаро ташкил медод. Ҳаҷми воридоти сӯзишвории дизелӣ бошад дар шашмоҳаи ахир 97 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии воридоти ин сӯзишворӣ 128 ҳазор тоннаро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG