Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қазоқистон ин бор ҳам эътирози "замин"-ро иҷозат надоданд


Ҳокимияти Чимкенти Қазоқистон бори севум дар чаҳор моҳи охир дархости фаъолони ҷамъиятиро барои баргузории эътироз "зидди фурӯш ва ба иҷора додани замин ба хориҷиён" рад кард.

Тавре Иброҳим Алсерке, фаъоли ҷамъиятӣ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ҳокимият дархости фаъолонро дар мавриди баргузор кардани эътироз дар таърихи 30 июл, рад кардааст. Ба гуфтаи вай, 7 июл гуруҳи фаъолони ҷамъиятӣ ба ҳокимият муроҷиат карда, хоста буданд, ки ба баргузории эътирози осоишта дар боғи Абай иҷозат диҳад.

- Ҳокимият дархостро рад карда, мегӯяд, рӯзҳои 30-31 июл боғи мазкур поккорӣ мешавад. Барои тафтиши гуфтаҳои ҳокимият ман рӯзи 30 июл ба боғ меравам. Мо то замони дарёфти посухи мусбат ба ҳокимият муроҷиат хоҳем кард, - мегӯяд Алсерке.

Пештар аз ин ҳокимияти Чимкент ду маротиба дархости баргузории эътирозро рад карда буд. Фаъолон 21 май ба ҳокимият муроҷиат карда буданд ва мехостанд 6 июл гирдиҳамоӣ барпо намоянд.

XS
SM
MD
LG