Пайвандҳои дастрасӣ

Хинкли баъди 35 сол аз беморхонаи касалиҳои руҳӣ мебарояд


Ҷон Хинклии хурдӣ, ки соли 1981 ба Роналд Рейган, президенти 40-уми ИМА ҳамла карда буд, баъди 35 сол аз бемористони касалиҳои рӯҳӣ мураххас мешавад.

Дар ин бора қарори додгоҳе дар Вашингтон содир шудааст. Додгоҳ гуфтааст, Хинклӣ дигар аз бемории рӯҳӣ ранҷ намебарад ва ба атрофиён низ хатар надорад.

Хинклӣ ҳаққи наздик шудан ба наздикони Рейганро надорад ва ҳамчунин барои ӯ боздид аз маконе, ки ҳоло президенти вақт ва аъзои конгресси ИМА зиндагӣ мекунанд, манъ аст.

Рӯзи 30 марти соли 1981 Хинклии хурдӣ Рейганро баъди суханрониаш дар назди ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касаба дар Вашингтон парронд. Дар натиҷа Рейган ва се тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Ҷинояткор тасдиқ кард, ки барои ба ҳайрат овардани ҳунарманд Ҷоди Фостер ба ин кор даст задааст. Додгоҳ он замон Хинклиро девона хонда, ӯро равонаи беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ намуд, ки 35 сол онҷо ба сар бурд.

XS
SM
MD
LG