Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаравгонгирҳои Ереван табиби асиргирифтаашонро озод карданд


Гаравгонгирҳои Ереван табиберо, ки субҳи чаҳоршанбе асир гирфта буданд, озод карданд.

Бино ба иттилои бахши армании Радиои Озодӣ, ҳоло дар бинои пулис, ки аз сӯи ин гуруҳи мусаллаҳ ғасб шудааст, ду табиб ва як парастори дигар нигаҳдорӣ мешавад.

Рӯзи чаҳоршанбе шахсони мусаллаҳ кормандони ёрии таъҷилиро, ки барои расонидани кумаки тиббӣ ба аъзои гуруҳи мусаллаҳ ҳозир шуданд, гаравгон гирифтанд.

Бино ба хабарҳо, раҳбари гуруҳи мусаллаҳ Павел Манукян ва писараш Арам, ки бинои пулисро ғасб кардаанд, дар натиҷаи як тирпарронӣ захм бардоштаанд. Ду ҳамлагари дигар Гагик Егиазарян ва Арам Акопян таслим шуданд.

Павел Манукян ва писараш Арам ҳамроҳ бо як корманди пулиси маҷруҳ ба беморхона интиқол ёфтанд. Баъди ин Манукян гуруснанишинӣ эълон кард.

Рӯзи 17 июли соли равон шахсони мусаллаҳ бо талаби раҳоии Жирайр Сефилян - ҳамоҳангсози Ҳизби мухолифи “Маҷлиси муассисон” бинои пулисеро дар Ереван ғасб карданд. Дар натиҷа як полковники милитсия куштаву чаҳор тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамлагарон 7 танро ба гарав гирифта, наздики як ҳафта нигаҳ доштанд.

Ин гуруҳи мусаллаҳ баъди гуфтушунид бо мақомот гаравгонҳоро раҳо намуданд. Вале ҳанӯз ҳам бинои пулисро тарк накардаанд.

XS
SM
MD
LG