Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ӯзбекистон зане тифли 11-моҳаашро ба об партофт


Дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон зани 26-сола тифли 11-моҳаашро ба Канали калони Фарғона партофтааст. Расонаҳо менависанд, ин зан баъди он ки марди ҳамзисташ падарии кӯдакро рад карда, аз пардохти алимент ҳам саркашӣ намудааст, даст ба чунин иқдоме задааст. Ҷисми тифлро баъди ду рӯз деҳқоне аз об пайдо кардааст.

Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ мегӯяд, ин зан ду маротиба шавҳар кардааст.

"Вай аз ҷумлаи занҳои сабукпост", - мегӯяд манбаъ аз мақомот. Бо марде бо номи Д.П. ба сар бурда, баъди ҷудоӣ зан бо умеди дарёфти алимент ба додгоҳ даъво бурдааст. Аммо Д.П. дар додгоҳ гуфтааст, ки тифл аз вай нест. Ба далели ин ки зан натавонистааст алимент бирӯёнад, дар авҷи хашму ғазаб тасмим гирифтааст, ки худу фарзандашро ба об партояд. Вай ибтидо кӯдакро ба об партофта, аммо худаш аз тарс худдорӣ кардааст.

- Ҷисми кӯдак аз замини деҳқоне пайдо шудааст, - мегӯяд манбаъ дар мақомоти қудратӣ.

Аммо манбаъи дигар мегӯяд, ин зан аз ҷумлаи "занҳои сабукпо" набудааст. Вай дар пайи душвориҳои молӣ дар ҳолати сангини равонӣ ба сар мебурдааст.

Дар ҳоли ҳозир зан бо гумони қатли фарзандаш боздошт шудааст. Нисбати вай бо моддаи "Куштори барқасдона" парванда таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG