Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози коргарони нафти Жаноазен дар Қазоқистон


Садҳо нафар коргарони саноати нафти Қазоқистон дар шаҳри Жаноазен тазоҳуроти эътирозии дусоатӣ анҷом доданд. Созмондиҳандагон мегӯянд, ки эҳтимол дорад дастмузди онҳоро кам кунанд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, 700 нафар коргарони чоҳи нафти Бургилау дар эътирози субҳи 28 июл ширкат доштаанд. Эътирозгарони мегӯянд, ширкати Бургилау эълон кардааст, ки соатҳои кориро кам мекунад ва он натиҷаи камтар шудани дастмузди онҳо хоҳад шуд.

Ширкат мегӯяд, ки сабаби он поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Оқилбек Нурлибаев-коргаре, ки дар эътироз ширкат доштааст, гуфт ки соатҳои кории онҳо кам мешавад. Гузашта аз ин, ширкат 66 нафарро дар нимсолаи гузашта ихтисор кардааст.

Эътироз замоне қатъ шуд, ки Ашхат Сариев-раҳбари ширкат ва чанд нафар мақомоти баландпояи шаҳр ба назди эътирозгарон омаданд ва бо онҳо сӯҳбат карданд.

XS
SM
MD
LG