Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Русия 250 нафар дар Олимпиада ширкат мекунанд


Владимир Путин ва Елена Исинбаева

Владимир Путин ва Елена Исинбаева

Русия эълон кард, ки 250 варзишгараш барои ширкат дар бозиҳои олимпии моҳи оянда дар Рио де Женейро ҳақ пайдо кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия маҳрумиятибеш аз 100 варзишгари Русия аз ширкат дар ин бозиҳоро як навъ “табъиз” хондааст.

Александр Жуков-раиси Кумитаи олимпии Русия 26 июл гуфт, ки аз 387 варзишгари Русия 250 нафар дар бозиҳо ширкат меҷӯянд, вале бештар аз 100 нафари дигар ба сабаби истеъмоли доруҳои нирузо аз ширкат маҳрум шудаанд.

Дар миёни онҳо Елена Исинбаева-қаҳрамони ҷаҳон дар паридан ба баландӣ бо шест низ ҳаст. Путин изҳор дошт, ки набуди баъзе рақибон дар баъзе навъҳои варзиш сатҳи бозиҳои ҷаҳониро поин мебарад.

Путин маҳрум кардани варзишгарони Русия аз бозиҳоро “маъракаи ҳадафмандона” номид, вале нагуфт, ки ташаббускори он кист.

XS
SM
MD
LG