Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносон: Омори босаводӣ яку воқеият дигар аст (ВИДЕО)


Раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфтааст, ки аҳолии кишвар саросар босаводанд. Аммо тибқи пажӯҳишҳо, сатҳу сифати дониши аҳолӣ дар кишвар назар ба солҳои шӯравӣ хеле поин рафтааст.

Бино ба омори расмӣ, тақрибан ҳамаи мардуми Тоҷикистон босавод аст. Оҷонсии омори Тоҷикистон ахиран эълон дошт, ки 99,8 дар сади аҳоли дар ин кишвар саводнок ва ҳамагӣ 0,2 дар сад бесавод аст. Мизони саводнокии мардум ҳам аз сӯи оҷонсии мазкур тибқи меъёри хонда ва навишта тавонистан муайян шудааст. Аммо ба андешаи коршиносон, хондаву навиштан ҳанӯз маънии босаводу донишманд буданро надорад.

Мизони саводнокии мардум дар Тоҷикистонро оҷонсии омор дар пайи барӯйхатгирии аҳолӣ дар чанд соли пеш муайян кардааст, аммо Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Оҷонсии омор, рӯзи 28 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи санҷиши онҳо имрӯз ҳам ин вазъ тағйир наёфтааст. “Мо соли 2012 хостем, як бори дигар маълумотҳоро ҷамъоварӣ кунем, дар якчанд минтақа саншҷиш гузаронидем, миёни аҳолӣ пурсиш гузаронидем, ки фарзанди шумо савод дорад ё хонда навишта метавонад? Маълум шуд, ки бо вуҷуди он ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз мактаб дур монданд, боз ҳам хонда навишта метавонанд”

Дар Тоҷикистон "қариб касе бесавод нест"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

UNICEF ё бунёди атфоли Созмони Миллали Муттаҳид ҳам дар гузориши ахири худ гуфтааст, Тоҷикистон дар самти фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти ибтидоӣ, ки зинаи омӯзиши хатту савод аст, пешрафт кардааст.

Бар асоси нишондодҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон аз назари хату савод доштани аҳолиаш дар яке аз мақомҳои баланд қарор дорад. Аммо мушкили асосӣ сатҳи дониши насли ҷавон аст, ки мувофиқ ба талаботи муосир нест. Дар чанд пажӯҳиши марбут ба соҳаи маориф дар солҳои ахир аз поин рафтани сатҳу сифати пасти дониш ва огоҳии аҳолӣ нигаронӣ шуда буд.

Барои мисол як пажӯҳише, ки аз ҷониби Созмони таҳқиқотии “Соцсервис” гузаронида шуд, муайян кард, на ҳама хонандаҳое , ки ба мактаб ва ҳатто донишгоҳ фаро гирифта мешаванд, соҳиби хату савод ва дониши босифатанд. Бо анҷоми пурсише дар миёни беш аз 2 ҳазор ҷавони дорои маълумоти мухталиф, ин созмон ба хулосае омадааст, ки танҳо 3 дарсад саводнок ва ҳудуди 30 дарсади дигар бо маълумоти олӣ ё миёна хату саводи зарурӣ надоранд ва ё аз ӯҳдаи оддитарин ҳисобу китоби математикӣ намебароянд.

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, сатҳи дониш ва маълумотнокии аҳолӣ дар замони шӯравӣ ба фарқ аз имрӯз беҳтар буд. “Назар ба солҳои 1989 ҳоло сатҳи дониш хеле паст аст, он замон саводнокии касбӣ ҳам буд, мардум нақшаи ҳаёти худро пеш аз пеш мекашид. Ҳар як ҷавон 5 сол пеш нақша дошт, ки куҷо меравад чӣ кор мекунад”.

Мафтунаи 23-сола, ки ҷое кор намекунад ва аз нигоҳи иқтисодӣ вобастаи волидон аст, мегӯяд бо он ки хонда ва навишта метавонад, имкон надорад, ки зиндагии худро тағйир диҳад. Солҳои мактабхонии худро ӯ ба далели муҳоҷирати волидон дар як деҳаи дурдасте бо модарбузург сипарӣ кардааст. Аз як сӯ сифати пасти таҳсил ва аз сӯйи дигар кумак ба модаркалони пир дар корҳои хона ба гуфтаи Мафтуна барояш имкон надод, ки саводи хуб бигирад. “Ҳарфҳоро медонам, хондаву навишта метавонам, аммо аз бисёр донишу малакаҳои оддитарини дигар маҳрумам. Дар хона ҳам ҳама мегӯянд, ки ман бесаводам, чун ягон касб надорам, ягон маълумоти хуб ҳам. Агар донишу саводи хуб медоштам, ҳоло мӯҳтоҷи волидон ё каси дигаре набудам.”

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар воқеъ имрӯз аксарият дар Тоҷикистон хонда ва навишта метавонанд, аммо ба таъкиди ӯ дар асри 21 дигар набояд ченаки саводнокӣ танҳо доштани танҳо хатту савод бошад. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ҳоло бояд ченаки саводнокӣ тағйир ёфта, меъёрҳои муҳими дигар, ки барои омода кардани як инсон ба ҳайёт муҳим аст, дар он ба назар гирифта шавад. “Мафҳуми босавод будан мазмуни васеъ дорад ва дар баробари хондану навиштан бояд ба ҳар як фард, фикрронӣ, қабули қарор, масъулиятнокӣ, доштани ҳадди аққал як касб, ҳимояи ҳуқуқи худро ҳам омӯхт.”

Аммо вазорати маориф ва илми Тоҷикистон солҳои ахир аз болоравии сатҳи дониши ҷавонон хабар медиҳад ва тибқи иттилои ин ниҳод, савияи дониши хонандаҳо дар мактабҳои кишвар ҳудудан 10 дарсад афзоиш ёфтааст. Сабаб ҳам беҳтар шудани сифат ва барномаҳои таълими дар мактабу донишкадаҳо гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG