Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар шаҳри Ал-Қамишлӣ, воқеъ дар шимолу шарқи Сурия ва дар наздикиҳои марзи Туркия, рӯзи 27 июл тақрибан 50 кас кушта ва дасти кам сад нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия ва расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки бештари қурбониёну маҷрӯҳон сокинони маҳаллӣ ва мусаллаҳони нерӯҳои худмуҳофизати курдҳоянд – таркиш дар канори постгоҳи ин нерӯҳо ба вуқӯъ пайваст. Таркиш он қадар нерӯманд буд, ки чанд бинои гирду атроф хароб шуд ва шишаҳои тирезаҳо дар баъзе биноҳои шаҳраки воқеъ дар Туркия фурӯ рехтанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG