Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи ҳоли Заррина Асаншоева


Заррина Асаншоева, ки 30 сол дорад ва ҳоло бо хонаводааш дар Русия кору зиндагӣ мекунад, мехоҳад, бо ғолибият дар ин озмун нахустин китоби ашъори худро ба дасти дӯстдорони шеър бирасонад.

Ин дуввумин озмуни шеър аст, ки Заррина дар он ширкат мекунад. Моҳи феврали соли равон бо ширкат дар як озмуни умумирусиягӣ бо шеъре дар васфи кӯли Сарез соҳиби ҷоиза шуд.

Дар шеърҳои худ Заррина бештар табиату кӯҳ, фарҳангу ҳунар, вижагиҳои зиндагии мардумро дар Бадахшон ва дигар нуқоти Тоҷикистонол тасвир мекунад. Аммо дар баробари ин, ӯ талош кардааст, мавзӯҳои иҷтимоӣ ва доғи рӯзро ҳам ба риштаи назм бикашад. Ӯ аз ҷумла дар бораи нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ва кушта шудани мардумони бегуноҳ дар он ҳодисаҳо, дар бораи зани шарқӣ, ки таваллудаш дар баъзе хонаводаҳо фоли хуб дониста намешавад ва ҳамин тавр дар васфи Парвиз Давлатбеков, ҷавоне, ки дар либоси Бобои Барфӣ шаби Соли Нав дар Душанбе кушта шуд, шеър гуфтааст.

Заррина Асаншоева дар Хуҷанди Тоҷикистон ба дунё омада, дар Душанбе ба воя расидааст. Аммо волидонаш зодаи Бадахшонанд ва солҳои зиёде ҳам хонаводаи онҳо дар минтақаҳои мухталифи Бадахшон зиндагӣ кардаанд. Соли 2007 хонаводаи Заррина якбора ба Русия кӯч баст. Ӯ мегӯяд, давоми ин ҳама солҳо ӯ дигар имкони бозгашт ба Тоҷикистонро надошт. Ҳамин дурӣ ва ёди зодгоҳу ватан ва дӯстон дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Заррина ӯро водор ба он кард, ки қалам бигираду дар бораи зодгоҳу ватани худ бинависад.

XS
SM
MD
LG