Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати рушди таҷҳизоти иттилоотӣ ва мухобироти Узбакистон мехоҳад ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетиро муваззаф созад, ки маълумотро дар бораи ҳамаи фаъолиятҳои истифодабарандагон дар муддати се моҳ ҳифз кунанд ва шахсияти онҳоро маълум намоянд.

Дар Узбакистон 13 миллион нафар аз хадамоти телефонҳои ҳамроҳ ва интернет истифода мекунанд. Дар фармони вазорат омадааст, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи чунин хадамот бояд барои анҷоми чунин супориш имконоти техникии худро мутобиқ созанд.

Алишер Сиддиқов, коршиноси умури Узбакистон дар Радиои Озодӣ дар робита ба имконпазир будани чунин фармон бо назардошти тавоноиҳои техникии Узбакистон мегӯяд, ки “ман бо коршиносони ин соҳа сӯҳбат кардам. Мушкили аслӣ ин аст, ки чӣ тавр ин маълумотро метавонанд ҳифз кунанд, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки барои як нафар бояд дар се моҳ 100 мегабайт ҷудо кунанд. Барои 13 миллион нафар дар як рӯз 300 террабайт зарур аст ва барои 3 моҳ чӣ қадар хоҳад буд? Ин кор имкон надорад ва шояд кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бо доштани бузургтарин имконоти техникӣ ба худ ин корро иҷоза диҳанд, зеро ҳифзи чунин маълумот дар се моҳ садҳо миллион доллар хоҳад шуд.”

Ин маблағ танҳо барои ҳифзи маълумот зарур аст, вале барои кор бо ин маълумот низ маблағҳои ҳангуфт бояд сарф кард. Роҳи дигаре вуҷуд дорад, ки барои назорат бар калимаҳои масхсус ва ё номҳои махсус такя мекунанд. Алишер Сиддиқов аз номи коршиносони соҳа мегӯяд, ин корро хадамоти вижаи амниятии Узбакистон аз муддатҳо пеш анҷом медиҳанд ва бархӯрди онҳо бо интернет мисли бархӯрд бо терроризм аст. Масалан, ахиран дар Намангон аъзои як хонаводаро боздошт ва 9 солӣ маҳкум ба зиндон карданд.

Сабаб ин будааст, ки онҳо тавассути шабакаи Одноклассники бо тундравҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" тамос барқарор кардаанд ва хостаанд ба онҳо бипайванданд. Чунин кор дар натиҷаи назорат бар навиштаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба нируҳои амниятӣ муяссар шудааст. Вале назорат бар ҳамаи корбарони шабакаҳои иҷтимоиву телефонҳои ҳамроҳ кори мушкиле хоҳад буд.

Бо назардошти вазъи озодии баён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки оё чунин тасмими ҳукумат озодиҳои шаҳрвандӣ ва озодии баёнро маҳдуд намекунад? Алишер Сиддиқов мегӯяд, ки “ҳифзи ҳамаи маълумот дар бораи ҳамаи корбарони интернет чӣ маъно дорад? Аз дохили он чӣ тавр ва чиро шумо қонуншиканӣ арзёбӣ мекунед? Он бар зидди амнияти давлат хоҳад буд ва ё гуфтаҳои ягон норозии сиёсӣ? Ташхиси чунин маълумоти зиёд хеле мушкил аст. Гоҳо барои анҷоми ин кор қонунҳои озодии шаҳрвандӣ ва озодии баёнро поймол мекунанд. Дар кишварҳои мо беҳуда намегӯянд, ки “ба ҷои салла калларо меоранд”. Ин ба ҳамаи корбарони интернет дахл дорад”.

Ҳоло дар Узбакистон дастрасӣ ба хадамоти интернет ва шабакаҳои байналмиллалии иттилоот танҳо тавассути таҷҳизоти “Узбектелеком”, яъне ягона оператори давлатӣ анҷом мегирад. Ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ шахсони ҳуқуқӣ дониста мешаванд.

Соли 2013 дар Қонуни ҷиноии Узбакистон илова ворид шуд ва тибқи он шахсоне, ки дар бораи терроризму ифротгароӣ маълумотҳо ҷамъоварӣ ва ҳифз менамоянд, ба муҷозот кашонда мешаванд. Ҳоло мақомоти Узбакистон мегӯянд, ки ин иловаи қонун заминаро барои назорат бар гуфтугӯҳои телефонӣ ва истифодаи интернет низ фароҳам меорад. Ин иловаи қонун барои таблиғи ақидаҳои мазҳабии тундгароёна аз 3 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG