Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ереван. Рӯёрӯии ишғолгарону полис 11 рӯз боз идома дорад


Мақомоти полиси Арманистон гуфтанд, ки дар задухӯрд дар дохили идораи полиси ишғолшуда дар шаҳри Ереван раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ ва писари ӯ маҷрӯҳ шуданд

Дар задухӯрд дар дохили идораи полиси тасарруфшуда дар шаҳри Ереван рӯзи 27 июл раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ Павел Манукян ва писари ӯ Арам маҷрӯҳ шуданд. Ду тан аз ишғолгарони дигар худро ба кормандони полис таслим карданд. Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои намояндаи расмии полиси Арманистон Ашот Аҳаронян хабар дод.

“Павел Манукян ва писари ӯ Арам ба бемористон интиқол ёфтанд, Гагик Егиазарян ва Арам Акопян таслим шуданд”, гуфтааст намояндаи расмии полис. Ашот Аҳаронян дар ин бархӯрд маҷрӯҳ шудани як корманди ҳифзи тартиботро ҳам тасдиқ намудааст. Ӯ афзудааст, ки айни ҳол тирандозӣ қатъ шудааст ва музокирот идома дорад.

Павел Манукян

Павел Манукян

Аз ин пеш ду узви дигар гурӯҳи мусаллаҳ, ки идораи полисро ишғол кардааст, баъди ҷароҳат бардоштан дар тирандозӣ бо полис барои дарёфти ёрии тиббӣ розӣ шуданд.

Гурӯҳи афроди мусаллаҳи мансуб ба созмони “Маҷлиси муассисон”, ки худро “Диловарони Сосун” ҳам меноманд, рӯзи 17 июл як идораи полис дар Ереванро тасарруф карда, чанд корманди полисро гаравгон гирифт. Аъзои ин гурӯҳи тундрав истеъфои раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян ва раҳоии раиси ҷабҳаи наҷоти “Арманистони ҷадид” Жирайр Сефилянро талаб доранд.

Мақомоти полис Сефилянро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мехонанд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ва шаш нафари дигар рӯзи 20 июн ҳангоми харидани миқдори бузурги силоҳ барои гурӯҳи мусаллаҳ ба хотири ғасби биноҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Ереван дастгир шуданд.

Аммо Сефилян ва ҳампаймонҳояш ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин боздошт ангезаи сиёсӣ дорад.

Аз ин пеш Ҳунан Погосян, муовини раиси полиси Арманистон, ба хабарнигорон гуфта буд, ки ҳангоми тасарруфи бинои идораи полис полковник Артур Ваноян кушта шудааст. Ба иттилои ӯ, полковник Арам Ованнисян, подполковник Грач Хостегян, старшина Гагик Мкртчян ва чанд корманди дигари полис маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамзамон дар Ереван тазоҳуроти дигари ҷонибдорони гурӯҳи “Маҷлиси муассисон” баргузор шуд. Эътирозҳо дар соатҳои аввали 21 июл давом дошт ва тақрибан 2 000 нафар дар назди ҳалқаи пулиси зиддитазоҳурот садд бардоштаанд. Пулиси Арманистон барои пароканда кардани таҷаммӯи афроди норозӣ дар Ереван аз норинҷакҳои гиҷкунанда истифода бурдааст.

Вазорати тандурустии Арманистон эълон кард, ки дар пайи ин задухӯрд 45 нафар ба бемористон интиқол ёфтаанд ва 25 нафари онҳо маъмурони пулис ҳастанд. Дасти кам 13 нафари дигар дар шифохонаи Григор Лусаровичи Ереван бистарӣ шудаанд. Пизишкон мегӯянд, ки 11 нафари онҳо афсарони пулисанд ва ҷароҳати 2 нафари онҳо ҷиддист.

Баъд аз музокироти тулонӣ бо тасарруфгарон рӯзи 23 июл охирин гаравгонҳо озод карда шуданд.

Хадамоти амнияти миллии Арманистон рӯзи 26 аз боздошти гурӯҳе аз ҷонибдорони гурӯҳи тундрави "Маҷлиси муассисон" хабар дод. Аммо ин ниҳод дақиқ нагуфтааст, ки чанд касро дастгир кардааст. Ҳамзамон мақомоти амниятӣ шахсонеро ҷустуҷӯ доранд, ки эҳтимолан қасди кумак ба ҳамлагаронро доштанд.

Аъзои гурӯҳи мусаллаҳ то ҳанӯз дар дохили бинои полисанд, ки аз сӯи нерӯҳои ҳифзи тартибот муҳосира шудааст.

XS
SM
MD
LG