Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Диловарони Сосун" дар тирандозӣ бо полис маҷрӯҳ шуд


Дар задухӯрди мусаллаҳона дар дохили идораи полиси ишғолшуда дар шаҳри Ереван рӯзи 27 июл раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ Павел Манукян ва писари ӯ Арам маҷрӯҳ шуданд. Ду тан аз ишғолгарони дигар худро ба кормандони полис таслим карданд.

Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои намояндаи расмии полиси Арманистон Ашот Агаронян хабар дод. “Павел Манукян ва писари ӯ Арам ба бемористон интиқол ёфтанд, Гагик Егиазарян ва Арам Акопян таслим шуданд”, гуфтааст намояндаи расмии полис.

Ашот Агаронян дар бархӯрд маҷрӯҳ шудани як корманди ҳифзи тартиботро ҳам тасдиқ намудааст. Ӯ афзудааст, ки айни ҳол тирандозӣ қатъ шуда, музокирот бо гурӯҳи мусаллаҳ идома дорад.

Аз ин пеш ду узви дигар гурӯҳе, ки идораи полисро ишғол кардааст, баъди ҷароҳат бардоштан дар тирандозӣ бо полис барои дарёфти ёрии тиббӣ розӣ шуданд.

Гурӯҳи мусаллаҳи мансуб ба созмони “Маҷлиси муассисон”, ки худро “Диловарони Сосун” ҳам меноманд, рӯзи 17 июл як идораи полис дар Ереванро ишғол намуда, чанд корманди полисро гаравгон гирифт. Аъзои гурӯҳ истеъфои раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян ва раҳоии раиси ҷабҳаи наҷоти “Арманистони ҷадид” Жирайр Сефилянро талаб доранд.

Дар задухӯрд ҳангоми ишғоли бино як афсари полис кушта шуд ва шаш нафари дигар, аз ҷумла, панҷ корманди полис, ҷароҳат бардоштанд.

Баъд аз музокироти тулонӣ рӯзи 23 июл ишғолгарон охирин гаравгонҳоро озод карданд.

Аъзои гурӯҳи мусаллаҳ то ҳанӯз дар дохили бинои полисанд, ки аз сӯи нерӯҳои ҳифзи тартибот муҳосира шудааст.

XS
SM
MD
LG