Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анқара дастури ҳабси боз 47 хабарнигорро ироа кард


Мақомоти Туркия дастури ҳабси боз 47 хабарнигорро ироа карданд. Хабаргузории Anadolu рӯзи 27 июл навишт, ин хабарнигорон дар нашрияи “Замон” (Zaman) кор мекарданд,ки гуфта мешавад бо рӯҳонии маъруфи муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гулен робита дорад. Анқара Гуленро дар ташкили табаддулоти давлатии ноком дар Туркия дар шоми 15 июл айбдор мехонад.

Хабари дастури ҳабси 47 хабарнигор дар сомонаи рӯзномаи “Замон” ҳам чоп шудааст.

Аз ин пеш мақомоти Туркия дастури ҳабси 42 хабарнигорро ироа карданд. Ба иттилои шабакаи телевизионии хусусии NTV миёни онҳое, ки бояд ба ҳабс гирифта шудааст, шореҳи маъруф ва собиқ вакили парлумон Нозлӣ Иличак низ ҳаст. Иличак соли 2013 аз кор дар нашрияи Sabah барои интиқодаш аз як вазири дар фасод олудашуда ронда шуда буд. Дар миёни боздоштшудаҳо намояндаи созмони "Гузоришгарони бидуни марз"-и Туркия Эрол Ондероғлу, хабарнигор Аҳмад Несин ва фаъоли ҳуқуқи башар Шабнами Кор ном бурда мешаванд.

Баъд аз кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар шоми 15 июл мақомоти Туркия беш аз 60 ҳазор нафар низомиён, кормандони полис, додрасҳо, омӯзгорону донишмандон ва хизматчиёни давлатиро боздошт карданд. Алайҳи теъдоди бузурги онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия тақрибан 290 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG