Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилларӣ Клинтон - номзади демократҳо дар интихоботи президентии ИМА


Ҳилларӣ Клинтон нахустин зани номзад ба мақоми раисиҷумҳури Амрико аз ҳизби демократ шуд. Баъд аз пахши хабари дарёфти 2382 раъйи зарурӣ аз сӯи хонум Клинтон шоми сешанбе, 26 июл рақиби асосии ӯ сенатор аз Вермонт Бернӣ Сандерс зери кафкӯбиҳои аҳли толор Ҳилларӣ Клинтонро номзади ҳизби демократ ба мақоми раисиҷумҳури ИМА эълон кард.

Дар арафаи анҷумани Ҳизби демократ сомонаи WikiLeaks тақрибан 20 ҳазор номаеро нашр кард, ки бино ба онҳо Кумитаи миллии ҳизб асосан барои номзад интихоб шудани хонум Клинтон талош кардааст, дар ҳоле, ки бояд дар мавриди ду довталаби асосӣ – Клинтон ва Сандерс аз бетарафӣ кор мегирифт. Баъд аз нашри номаҳо раиси Кумитаи миллии ҳизб Дебби Вассерман-Шултс изҳор намуд, ки пас аз хатми анҷуман аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Кумитаи миллии ҳизб аз Сандерс расман узрхоҳӣ кард.

Роббӣ Мук, раиси ситоди интихоботии хонум Клинтон, бошад изҳор намуд, ки дар ифшои мукотибаи Кумитаи миллии Ҳизби демократ ниҳодҳои давлатии Русия даст доранд. Ба гуфтаи Мук, ин боз як далели талоши Кремл барои мудохила ба ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар ИМА аст.

Барак Обама, раисҷумҳури ИМА ҳам ахиран ба суоли хабарнигори шабакаи телевизионии NBC мудохилаи Русия ба маъракаи интихоботи президентии Амрикоро мумкин хонд. Ба гуфтаи ӯ, номзади ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп чандин бор аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ситоиш кард ва аз сӯи дигар маъракаи интихоботии Трамп дар расонаҳои русӣ мусбӣ инъикос мешавад.

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 8 ноябри соли равон баргузор мешавад. Чанд рӯз пеш Доналд Трамп расман номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG