Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркише дар Озарбойҷон 20 нафар осеб дидаанд


Дар натиҷаи таркиш дар як корхонаи низомии Озарбойҷон бо номи “Ораз” дар шаҳри Шервон 20 нафар осеб дидаанд. Баъзе хабаргузориҳо осебдидагонро камтар нишон додаанд.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин таркиш дар амбори маҳсулоти омода ҳангоми холӣ кардани бор рух додааст. Дар ин бора як манбаъ дар вазорати саноати низомии Озарбойҷон хабар додааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло дар бемористон 20 осебдида зери назари табибон қарор доранд. Дар бораи сабабҳои ин таркиш хабар дода намешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG