Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пойгоҳи 201 Русия аслиҳаву техникаи нав гирифтааст


БТР-82А

БТР-82А

Воҳидҳои низомии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бори аввал зиреҳпшӯҳои нави навъи БТР-82А-ро дар машқҳои доманакӯҳҳои Помири шарқӣ ба кор бурдаанд.

Дар ин бора хабаргузориҳои Русия аз қавли сарҳанг Ярослав Рошупкин-сухангӯи Ҳавзаи марказии низомии Русия гузориш додаанд.

Ин зиреҳпӯшҳо дар аввали моҳи июн ба Душанбе оварда шудаанд. Ин навъи зиреҳпӯши нав аз зиреҳпӯшҳои пешин чанд бартарӣ дорад. Тӯпи зидди ҳавоии он қавитар аст, мили тӯп бештар ба боло бардошта мешавад ва барои дар баландкӯҳҳо ҳадаф қарор додани душман муносибтар мебошад.

Рошупкин гуфтааст, ба ҷуз аз ин зиреҳпӯшҳои нав ба Тоҷикистон барои пойгоҳи Русия 400 навъи дигари аслиҳаву техникаи нав оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG