Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

КА барои ҳалли мушкили экологии кишварҳои ОМ кумак мекунад


Комиссияи Аврупо (КА) барои таъсиси Бунёди мероси конҳои пешинаи истихроҷ ва коркарди уран, ки аз замони шӯравӣ дар Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон боқӣ мондаанд, 16,5 миллион евро ҷудо намудааст.

Дар ин бора хабаргузории русии "Интерфакс" иттилоъ додааст.

"Комиссияи Аврупо ҳамчунин гузаронидани баҳодиҳии муфассали таъсири экологӣ ва тадқиқоти техникиву иқтисодиро дар хатарноктарин конҳо ба монанди Мин-Куш, Шекафтар ва Майлуу-Суу дар Қирғизистон ва инчунин Табошар ва Деҳмойи Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд. Ҳаҷми маводи заҳролуди радиоактивӣ, ки дар ин минтақа ҷамъ шудааст, барои муҳити зист ва саломатии сокинон хатар дорад", - омадааст дар иттилоияи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки таъсиси бунёди нав барои ҳалли мушкили экологии конҳои куҳнаи истихроҷ ва коркарди уран ташаббуси Иттиҳоди Аврупо буда, аз буҷаи "Санади ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ (СҲАЯ) маблағгузорӣ мешавад. Фонди нав аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) идора мешавад.

XS
SM
MD
LG