Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин дар ифтитоҳи Бозиҳои Рио-2016 иштирок нахоҳад кард


Владимир Путин, президенти Русия дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин иттилоъ дода, ин тасмимро ба "ҷадвали корӣ"-и президент рабт додааст.

Песков гуфт, Кремл аз қарори Кумитаи байнулмилалии Олимпӣ (КБО), ки бар пояи он мансабдорони соҳаи варзиши Русия, аз ҷумла вазири варзиш Виталий Мутко барои иштирок дар бозиҳои Бразилия расман иҷоза дода нашуданд, мутаассиф аст.

Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ аз 5 то 21 августи соли равон дар Рио-де-Жанейро баргузор мешавад. Кумитаи байналмилалии Олимпӣ дирӯз бар ин қарор расид, ки на ҳамаи варзишгарони Русияро аз ширкат дар бозиҳои Олимпии Бразилия маҳрум созад. Аммо ҳар варзишгарро вазифадор кард, то чанд шартеро иҷро намояд.

Шарти асосӣ - дарёфти ризоияти федератсияи байналхақии навъи варзишест, ки варзишигари рус дар он навъ баромад мекунад. КБО аз ҳаққи иштирок дар Бозиҳои Рио-2016 варзишгарони русеро маҳрум кард, ки қаблан дар истеъмоли доруҳои нерӯафзо айбдор шуданд. Ҳамчунин бар пояи қарори мазкур, тамоми мансабдорони соҳаи варзиши Русия дар ин бозиҳо ба қайд гирифта нахоҳанд шуд.

Қаблан тими варзиши сабуки Русия низ аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои байналмилалӣ маҳрум шуда буд. Аммо бозигарони теннис ва шиноварҳои рус ба Олимпиада хоҳанд рафт. Дар ин бора қарори федератсияи ин навъи варзишҳо содир шудааст.

Рӯзи 18 июл WADA гузоришеро муаррифӣ кард, ки тибқи он, ташхисгоҳи зиддидопингии Русия барқасдона истифодаи доруҳои нерӯафзоро аз сӯи варзишгарони рус махфӣ нигоҳ доштааст. Дар ҳамин ҳол, Хадамоти амнияти федеролӣ дар ин амал даст доштааст.

XS
SM
MD
LG