Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳерман: Маргталаб ба ДИИШ изҳори садоқат карда буд


Мақомоти умури дохилии замини Баварияи Олмон гуфтанд, паноҳандаи суриягӣ, ки худро шоми 24 июл дар наздикиҳои макони баргузории ҷашнвораи мусиқӣ дар шаҳри Ансбах тарконд, садоқаташ ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро иброз дошта буд.

Йоахим Ҳерман, вазири умури доихилии Бавария, рӯзи 25 июл изҳор намуд, ки видео бо изҳори садоқати маргталаб ба ин гурӯҳи террористӣ дар телефони ҳамроҳи ӯ пайдо шуд.

Дар натиҷаи таркиш дар наздикиҳои ҷойи баргузории ҷашнвораи мусиқӣ 15 нафар ҷароҳат бардоштанд, худи маргталаб ба ҳалокат расид. Йоахим Ҳерман дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфт, ки маргталаб ду бор аз бемориҳои рӯҳӣ табобат гирифта ва ду бор қасди худкӯшӣ карда буд.

Чанд соат пеш аз таркиш ба маргталаб иҷозаи вуруд ба ҷашнвораи мусиқиро надода буданд. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Бавария, шояд ҳадафи асосии маргталаб ин ҷашнвора буд.

Баъд аз таркиш ҷашнвораи мусиқӣ қатъ шуд ва тақрибан 2500 нафар ба ҷойи амн интиқол ёфтанд.

XS
SM
MD
LG