Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: Теъдоди қурбониён миёни афғонҳои осоишта афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониён миёни мардуми осоишта, аз ҷумла, кӯдакон бар асари афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон ба таври бесобиқа боло рафтааст. Дар ин бора дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон рӯзи 25 июл хабар дод. Аз моҳи январ то моҳи июни соли равон ҳалокати 1601 сокини осоишта ва ҷароҳат бардоштани 3565 нафари дигар сабт шудааст, гуфта мешавад дар ҳисоботи ахири дафтари СММ дар шаҳри Кобул. Ба гуфтаи муаллифон, ин рақам назар ба теъдоди қурбониёну маҷрӯҳон дар ҳамин давраи соли гузашта чаҳор дар сад бештар аст. Сеяки кушташудагон – 388 нафар кӯдаконанд, ки дар қиёс ба як соли пеш 18 дар сад бештар аст. Бино ба гузориш, дар ҳамлаҳои интиҳорӣ ва амалиёти низомӣ дар кишвар ҳамчунин 1121 кӯдак захмӣ шудааст.

Гузориши Дафтари СММ дар Афғонистон ду рӯз баъд аз он нашр шуд, ки бар асари ҳамлаҳои маргталабона дар як намоиши эътирозии мусолиматомез дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, дасти кам 80 нафар ҷон бохта, беш аз 230 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Намоиши сулҳомези “Ҷунбиши рӯшноӣ”-и ақалиятҳои ҳазора дар минтақаи Деҳмазанги Кобул баргузор шуд. Ҳазораҳо дар намоиш тақозо мекарданд, ки шабакаи интиқоли барқи 500-киловатӣ аз Туркманистон ба Кобул аз қаламрави вилоятҳои марказии кишвар, аз ҷумла, аз вилояти Бомиён бигзарад ва онҳо низ аз неруи барқ баҳраманд шаванд. Дар ин вилоят аҳолии зиёди ҳазора ба сар мебарад.

Сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ҳукумат қабл аз оғози тазоҳуроти эътирозии “Ҷунбиши Рӯшноӣ” хабар ёфта буд, ки чунин ҳамла сурат мегирад, бинобар ин ба созмондиҳандагони тазоҳуроти эътирозӣ ҳушдор дода буд, ки аз баргузории он худдорӣ кунанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG