Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Шумо ба тақсимот роҳ ёфтед” -- смс ё паёмаке бо ҳамин матн, субҳи барвақти имрӯз, 25-уми июл ҳудуди 60 ҳазор довталабро дар Тоҷикистон аз хоби ноз бедор ва хеле хушҳол кард.

Маркази милии тестии Тоҷикистон мегӯяд, аз 84 ҳазор довталабе, ки имсол барои шомил шудан ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супориданд, 59 ҳазору 200 нафар бо дарёфти холҳои гузариш ба озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳо роҳ ёфтанд.

Аммо аз ин миён чӣ теъдод донишҷӯ мешаванд, Маркази миллии тестӣ дар чанд рӯзи дигар эълон хоҳад кард. Зеро нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ ҳудуди 55 ҳазор муайян шудааст. Ба ин тартиб чанд ҳазори дигар аз довталабон аз унвони донишҷӯӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Маҳмадалӣ Раҳмонов, муовини раҳбари Маркази миллии тестӣ дар рӯзи эълони натиҷаҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 3-юми август, тибқи тартиб дар асоси озмун дар навбати аввал довталабони дорои дараҷаҳои зиёдтар ба ихтисосҳои интихобкардаашон гузаронида мешаванд.

“Двталабоне, ки дар озмуни тақсимот мувафақият ба даст меоранд, аз рӯзи 3 то 15 уми август метавонанд ба муассисаҳои таълимие, ки роҳхат мегиранд, рафта ҳуҷҷат супоранд. Дар сурати то рӯзи 15-ум август ҳозир нашудан ба донишгоҳ, муассиса ҷойҳои холиро ба Маркази тестӣ пешниҳод мекунад ва ин ҷойҳо барои тақсимоти такрорӣ ба довталабон пешниҳод мешаванд.”

Дар зимн, имсол ба фарқ аз соли гузашта ба довталабоне, ки натавонистаанд холҳои заруриро соҳиб шаванд, як шонси дигар дода мешавад. Дар марҳилаи тақсимоти такрорӣ, ки рӯзҳои 19 то 22 юми август баргузор мешавад, ба онҳо имкони интихоби касбҳои дигар ва шомил шудан ба донишгоҳ фароҳам оварда мешавад. Натиҷаҳои тақсимоти иловагӣ рӯзи 26-уми август эълон хоҳад шуд.

Довталабони норозӣ аз натиҷаи имтиҳони худ метавонанд дар давоми 3 рӯз, яъне 25, 26 ва 27 уми июл бо аризаҳои шикоятӣ ба комиссия муроҷиат кунанд.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Раҳмонов, дар соатҳои аввали эълони натиҷаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ, ду нафар бо шикояти апеллиатсионӣ ба Маркази милии тестӣ муроҷиат кардааст.

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказу роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳоба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад.

Ин марказ дар ҳоле ба роҳ андохта шуд, ки ниҳодҳои вазорати маорифи Тоҷикистон, бахусус мактабҳои олӣ, аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар номида шуда, бисёриҳо дигар ба ин, ки касе битавонад бидуни тағо ва ришва ба риштаҳои бонуфузе, чун тиббу ҳуқуқ, дохил шавад, аслан бовар надоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG