Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозӣ дар клубе дар Флорида ду кас ҷон бохт


Яке аз клубҳои шабонаи Флорида (акс аз бойгонӣ)
Яке аз клубҳои шабонаи Флорида (акс аз бойгонӣ)

Расонаҳои амрикоӣ аз кушта шудани дасти кам ду нафар ва ҷароҳат бардоштани 13 каси дигар бар асари тирандозӣ дар як клуби шабонаи Флорида хабар доданд. Ҳодиса субҳи барвақти 25 июл дар клуби шабонаи Blu дар Форт-Майерс дар як шабнишинии наврасон рӯй дод.

Шабакаи телевизионии NBC хабар дод, ки дар тирандозӣ як навраси 14-сола ҷон бохтааст. Дар бораи гумонбарон дар ин тирандозӣ ва сабабҳои рӯй додани ҳодиса иттилое зери даст нест.

Ёдовар мешавем, шаби 12 июн Умар Матин, марди 29-солаи афғонасли сокини шаҳри Орландо, дар клуби шабонаи Pulse 49 нафарро кушт ва 53 каси дигарро захмӣ карда буд.

Ба иттилои пулиси Амрико, Умар Матин бо истифода аз автомати AR-15 ва туфанги дастӣ фурсати кӯтоҳе пеш аз соати дуи бомдод ба клуби шабона ҳамла карда, муштариёни клубро барои се соат гаравгон гирифт ва сипас дар тирандозӣ бо маъмурони амниятӣ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG