Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурмуҳаммадзода: Эътимоди мардум ба бонкҳо коҳиш ёфтааст


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ зимни нишасти хабарӣ.25-уми июли соли 2016. Шаҳри Душанбе.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ зимни нишасти хабарӣ.25-уми июли соли 2016. Шаҳри Душанбе.

Мақомоти Бонки миллӣ гуфтанд, ки дар пайи душвориҳои молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” ва мушкили пардохти маошу пасандозҳо ба муштариёни ин бонк эътимоди мардум ба бонкҳо то андозае коҳиш ёфтааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, маҳз ба дунболи ҷорӣ шудани маъмурияти муваққатӣ вазъияти молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” то ҳадде ба эътидол омада ва ба 12 ҳазор муштарӣ маблағҳои музди меҳнат пардохт шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, "ба миқдори 45 миллион сомонӣ ба “Тоҷиксодиротбонк” бозгардонда шуда ва муддати пардохти 115 миллион сомонӣ пасандозҳо тамдид гардидааст. 17 миллион сомонӣ низ ба “Тоҷпромбонк” бозгардонда шуданд. Камбудию норасоиҳо ба миқдори 2,5 миллон сомонӣ барқарор гардид. Ба маблағи 3 миллион сомонӣ амволи бонк фурӯхта шуда ва аз ин ҳисоб пасандозҳо пардохт шуд."

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҷорӣ шудани маъмурияти муваққатиро ба ин ду бонк чораи зарурӣ хонд, ки ташкилотҳои қарзиро аз муфлисшавӣ наҷот додааст: “Агар ин бонкҳо маъмурияти хуб медоштанд, ба чунин вазъ дучор намешуданд. Муддати маъмурияти муваққатӣ 18 августи соли ҷорӣ ба охир расида ва мумкин аст, дар ҳолати зарурӣ тамдид шавад. Сарнавишти Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк”, ки муваққатан аз раҳбарӣ барканор шудааст, пас аз поёни муддати мудирияти муваққатӣ маълум хоҳад шуд. Агар ба раҳбарӣ кардан мутобиқат намояд, корашро идома медиҳад.”

“Тоҷиксодиротбонк” баъди “Агроинвестбонк” дувумин бонки бузурги Тоҷикистон ба шумор меояд ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағҳояш дар раддабандии бонкҳои бузургтарини ин кишвар аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” ва “Эсхата” болотар меистад. Бино ба ҳисоботи молиявии бонк, сармояи умумии “Тоҷиксодиротбонк” дар поёни моҳи июни соли гузашта, 557 миллион сомонӣ ва ҷамъи дороиҳояш 3,7 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии амонатҳо 1,6 миллиард сомониро ташкил медод. Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ин бонк пардохтпазириашро аз даст дод ва шумораи муштариёнаш дар паси бинои асоси бонк, ки барои гирифтани пасандозҳо ва ё маошашон омада буданд, рӯз ба рӯ меафзуд.

Тоҷиддин Пиров

Тоҷиддин Пиров

Аввали моҳи март лимити гирифтани пулро аз бонкоматҳо дар як рӯз “Тоҷиксодиротбонк” то 200 сомонӣ поин бурд. Бонк эълон кард, ки аз 10 то 25 март аз як низоми пардохт ба дигар мегузарад ва пул гирифтан аз қартаҳои бонкиаш имконнопазир хоҳад буд. Дертар ин бонк аксари кулли кормандонашро, ки то чанд моҳи пеш беш аз 3 ҳазор нафар буданд, ба рухсатии бемузд фиристод. Бонки миллӣ дар рӯзи 18 майи соли ҷорӣ дар “Тоҷиксодиротбонк” барои 3 моҳ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллӣ маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ карда ва ҳадаф аз ин иқдом “ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва муштариён” унвон шуда буд.

Ҳамчунин, Мирҳаёт Ёқубов, раиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ ба ҷои Тоҷиддин Пирзода раҳбарии “Тоҷиксодиротбонк”-ро муваққатан ба ӯҳда гирифтааст. Шаш муовини Пирзода низ муваққатан аз мақомҳояшон барканор шудаанд. “Тоҷиксодиротбонк” дар тамоми Тоҷикистон наздики сад филиал дошта ва бино ба иттилои Бонки миллӣ ин филиалҳо аз фаъолият бозмондаанд.

Ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки дар сурати муфлис шудани “Тоҷиксодиротбонк” сарнавишти пасандозҳо ва амонатҳои муштариёни он, ки тибқи иттилои Бонки миллӣ беш аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, чи хоҳад шуд? Оё Бонки миллӣ, ки дар ин бонк маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ кардааст, ин масъулиятро ба ӯҳда хоҳад гирифт?

Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар қадами аввал Бонки миллӣ, ки масъулияти маъмурияти муваққатиро ба дӯш дорад, барои аз вазъи бӯҳронӣ раҳоӣ ёфтани “Тоҷиксодиротбонк” талош кунад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, дар сурати муфлис шудани ин бонк, давлати Тоҷикистон вазифадор аст, як қисми қарзҳоро пӯшонанд.

Ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки “пӯшондани 1,7 миллиард сомонии амонатҳои “Тоҷиксодиротбонк” барои будҷаи Тоҷикистон, ки ҳазинааш 18 миллиард сомонӣ аст, чандон душвор нест. Ба хотири халадор нашудани системи бонкии кишвар, давлат метавонад ин амонатро пардохт карда ва пас аз беҳбуди вазъияти молии бонк, онро баргардонад. Аз сӯи дигар, мумкин аст пасандозҳо тавассути коғазҳои қимматнок ва ё амволи “Тоҷиксодиротбонк” пардохт шавад.”

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ сару садоҳоро дар бораи имкони муфлисшавии “Агроинвестбонк”, дигар аз бонкҳои бузурги Тоҷикистонро бепоя хонда ва гуфт, танҳо дар ин замина “овозаҳои бардурӯғ” вуҷуд доранд.

XS
SM
MD
LG