Дар нахустин бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми кишвар, тими “Панҷшер”-и ноҳияи Балхиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод ва барои ба чорякфинал баромадан заминаи устувор гузошт.
Ҳафт бозии дигари даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи 24 июл баргузор шуд, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт:
«Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 2:0
«Помир» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 0:1
«Ҳосилот» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар) – 5:0
«Саройкамар» (Панҷ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 0:0
«Канд» (Конибодом) – «Барқчӣ» (Душанбе) – 0:2
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ваҳдат» (Ваҳдат) – 2:1
Бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 рӯзҳои 30 – 31 июл баргузор мешаванд.
Ҷоми Тоҷикистон-2016
1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
30 июл (шанбе)
«Панҷшер» (Балхӣ) – «Истиқлол» (Душанбе)
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Равшан» (Кӯлоб)
«Барқчӣ» (Душанбе) – «Канд» (Конибодом)
31 июл (якшанбе)
«Хайр» (Ваҳдат) – «Помир» (Душанбе)
«Парвин» (Бохтар) – «Ҳосилот» (Фархор)
ССКА «Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ)
Оғози бозиҳо – соати 17:00