Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи хунини рӯзи 23-юми июл дар шаҳри Кобул, ки боиси марги беш аз 80 нафар ва захмӣ шудани садҳо нафари дигар шуд, барқияи тасаллият фиристодааст.

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон аз гуфта мешавад, ки "ҷониби Тоҷикистон дар қатори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ин аъмоли зишту ғайриинсонии интиҳориёнро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири таҳкими муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи нерӯҳои аҳримани терроризми байналмилалӣ таъкид менамояд."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ҳассос бо мардуми Афғонистон мебошад ва омода ҳастанд, ки дар решакан кардани ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ, ҳамкорӣ кунанд.

Рӯзи 23 июл дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии сулҳомези “Ҷунбиши рӯшноӣ”-и ақалиятҳои ҳазора дар минтақаи Деҳмазанги Кобул дар натиҷаи се таркиши маргталабона бештар аз 80 нафар кушта, 231 нафари дигар захм бардоштанд. Ҳукумати Афғонистон як рӯз мотами умумӣ эълон кард. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG